Рубрики
Асосӣ

Изҳорот

    Магар аз хотир бароварда мешавад, ки ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ дар Тоҷикистон дар қисмати халқи тоҷик бузургтарин фоҷиа буд, ки қариб миллатро аз байн рабуд.Солҳои навадум чӣ қадар шаҳру деҳаҳо валангор гардида,одамон бехонаву дар монданд ва тарки Ватан намуданд. Модар фарзанд гум кардаву кӯдакон аз оғӯши гарми волидайн маҳрум монданд.Вазъи иқтисодии кишвар фалаҷ гардидаву мардум аз гуруснагӣ ба як бурда нон зор буд. Ҳамаи ин мушкилиҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар шуд. Дар ин давра мардуми тоҷик соҳибистиқлол гардиду ба Ваҳдати миллӣ расид. Ин ду неъмати бебаҳоро мо бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.Инро фақат шахси ватандӯсту хештаншинос дарк мекунад.Саркардагони ҳодисаҳое, ки дар Бадахшон рух дод, шахсони зархаридони хоҷагони хориҷӣ ё хоинони миллат мебошанд. Мо ҳизбиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалҳои ин шахсони пастфитратро маҳкум намуда, аз тамоми мардуми Бадахшонзамин даъват ба амал меорем,ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

   Ҳизбиёни  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *