Рубрики
Мақола

Изҳорот: 3971 ё 48 % ҷонибдори он ҳастанд, ки қамчинбек тошиев вазифаи имрӯзаашро тарк намояд

Агентии иттилоотии 24.kg дар пайи баҳсҳои тасмим гирифтааст, ки андешаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистонро бобати сиёсати кунунии ин кишвар нашр намояд.Ин агентии иттилоотӣ бо суолӣ “Кӣ бояд сиёсати калонро тарк кунад?” миёни омма назарсанҷӣ гузаронида истодааст.

Тибқи назарсанҷӣ то санаи 24.07.2021, соати 16:45 ба вақти Тоҷикистан 3971 ё 48 % ҷонибдори он ҳастанд, ки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчинбек Тошиевсиёсати имрӯзаи ин кишварро тарк намояд.

852 ё 7% дар назарсанҷи ҷонибдории худро ҷиҳати аз мансаби Президент сабукдӯш шудани Содир Жапаровро иброз намудаанд.

Тавре огоҳ ҳастем, миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи ихтилоф байни рафиқон баррасӣ мешавад. Ба андешаи корбарони иқтимоӣ Ҷумҳурии Қирғизистонро наметавон байни Қамчинбек Тошиев ва Содир Жапаров тақсим намуд. Собиқ Вазири собиқи кишоварзии ин кишвар Тилек Токтогазиев қайд кардааст, “Агар Ҷапаров бо як мавқеъ сухан гӯяд, пас Ташиев нишастҳои матбуотӣ мегузаронад, гӯё ки ваколатҳои президентро ба ӯҳда гирифта, баъзан фикри худро бар зидди мавқеи Ҷапаров баён мекунад”.

Сиёсати кунунии Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии президенти кунунии он ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии то куҷо идома мекунад дар дурномаи ин кишвар муайян нест.

Шаҳрзод Баҳорӣ

аъзои фаъоли ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *