Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Аввалин ҷавонони синни даъватии Ҷамоати деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан, ки ихтиёран азми хизмати Ватан-Модар карданд, ба хизмати ҳарбӣ гуселонида мешаванд.

Ба ин муносибат бо ташаббуси ҷамоати деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан санаи 29-уми сентябри соли 2022 дар чойхонаи “Чаманоро”-и шаҳри Истаравшан бо иштироки 47 нафар даъватшавандагон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр, фаъолони ҷамоат, волидайни ҷавонони адои хизмати Ватан-Модар ихтиёр намуда ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр чорабинии идона доир гардид.  

Сараввал Умарова Гулрухсор чорабиниро ифтитоҳ намуда, суханро ба муовини аввали Раиси шаҳри Истаравшан А. Қодирӣ вогузор намуд. Сипас мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан-Беҳрӯз Олимҷонов суханрони намуда, зикр намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Хушбахтона имрӯзҳо аз оғози даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷавонмардони Ватан ҷавонони сарбаланди шаҳри Истаравшан бо ихтиёри худ барои хизмати Ватан-Модар раҳсипор мегарданд. Имрӯз ҷавонони мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан нишонаи эҳсоси ватандӯстӣ ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқу кишвар мебошад.

Баъд аз суханронии меҳмонон ба волидайни навдаватшавадагон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Барномаи рангини фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *