Бо шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи меҳан ва зиндагонии тинҷу осоишта, ки бо шарофати фарзанди асилу родмарди шуҷои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, мехоҳам андешаҳои оҷизонаву шогирдонаи худро бароятон иброз намоям.
Дар асл ақли мо, идроки мо барои фаҳмидан ва тасаввур кардани мафҳумҳои беҳад бузургу муқаддас – амсоли Сулҳ, Ваҳдат ва Истиқлолият
ниҳоят кӯчак аст. Зеро ки мо зодагони даврони тинҷиву оромӣ ва сулҳу осоиштагӣ ҳастем. Он солҳои сангинеро, ки бар сари халқи тоҷик омада буд, надидаем, танҳо аз забони бузургсолон шунидаем, ки ба назарамон афсона метобад.
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.
Ваҳдат чист? Ваҳдат ин ҳамдилист, ягонагист, иттифоқу иттиҳод аст. Ваҳдат вожаи бениҳоят муқаддас, бебаҳо ва зебову гушнавоз аст.
Ваҳдат, яъне зиндагии босаодат, Ваҳдат, яъне ҳаёти тинҷу осуда. Ваҳдат, яъне оромона аз ҳавои атромези Ватан нафас кашидан. Ваҳдат, яъне хандаҳои беғаши кӯдакон, шодиву сурури модарону духтарон аст. Ҳаёти ширин, зиндагии шоиста, табассуми зебо, кору фаъолият, таҳсил, шӯхиву бозӣ- ин ҳама аз Ваҳдат аст.
Тоҷикистон сарзамини дилрабои ваҳдат аст,
Осмонаш файзафшон аз фазои ваҳдат аст.
Оре, зиндагиро бе Ваҳдат тасаввур кардан нашояд. Ҳаёт бе Сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолият дар назари мо афсонае аз қарнҳои гузашта метобад, аммо ҳоло акнун 25 сол пур шуд. Танҳо 25- сол муқаддам мо, тоҷикони тоҷбарсар, ба Ваҳдату ягонагиву ҳамдиливу иттифоқу бародарӣ расидем.
Маҳз бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат имрӯз зиндагии шоиста дорем. Мо, ҷавонон, наслҳои даврони Истиқлолият ҳастем.
Мо – дурдонаҳои қаъри уқёнуси Сулҳу Ваҳдат, самараҳои дарахтони боғи Истиқлолият , ҷавонони хушбахти замон ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат,таҳсили худро бо баҳои аъло идома медиҳем, мактабро бо баҳои аъло хатм карда, сазовори номи донишҷӯй мегардем ва пас аз хатми макотиби олӣ ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи худ барои рушду пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи худро мегузорем.
Ҳамдилии мардумон аз ваҳдат аст,
Ҳаммаромӣ дар ҷаҳон аз ваҳдат аст!
Маҳмудӣ Париноз – гирандаи стипендияи президентӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”