Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Арзандаи ватани ободу озод бошем

         Ҷомеае, ки дар он адолат ҳаст, давлате, ки дар асоси қонунҳои мукаммал фаъолият мекунад мустаҳкаму пойдор мемонад.

         Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз ҷумлаи он давлатҳоест, ки ваҳдаташ пойдору истиқлолаш комил аст. Воқеан, миллати бофарҳангу соҳибтамаддун ва сарҷамъу муттаҳиди тоҷикон сазовори чунин Ватани ободу озод ва тинҷу осоишта аст.

         Мавқеи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо гузашти солҳо дар арсаи ҷаҳон мустаҳкаму обрӯю эътибораш афзоиш меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон баромад ва фарҳангу тамаддуни тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Бо такопӯ ва талошҳои пайваста чандин пешниҳодҳои Пешвои миллат аз ҷониби ташкилотҳои ҷаҳонӣ пазируфта шуда, боиси нуфузи бештари ин миллати соҳибтамаддуну давлати обод гаштааст.

         Ҷаҳонӣ гаштани Наврӯзи оламафрӯз, эълон гардидани соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, тасдиқи ин гуфтаҳоянд.

         Бинобар он, бо шукрона аз чунин давлати обод, демократию ҳуқуқбунёд ва озоду ягона зиндагӣ бояд кард. Дар пешрафту рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии он ҳиссагузор бояд буд.

Тӯразода Амирбек Муҳаммадӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *