Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан”

         Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳри Истаравшан бахшида ба 29-солагии Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар мазӯи “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан” вохӯрӣ бо хатмкунандагон ва падару модарони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37, деҳаи Вогат барпо гардид.

         Дар ҷамъомад мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти Кумитаи иҷроия М.Абдуваҳҳобова дар мавзӯи “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан”, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Расулов Аслиддин дар мавзӯи “Ҳифзи Ватан аз имон аст”, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳри Истаравшан Мадина Ҳакимова дар мавзӯи “Мо ҷавонон пайрави Пешвои миллатем” баромад намуданд.

         Иштирокчии муҳорабаҳои Афғонистон, ҷанговари байналмилал Фахриддин Маҳмудов бошад дар бораи иштирокаш дар набардҳои халқи бародари афғон дар ҳифзи музаффариятҳои инқилоби савр ва корнамоиҳои мардони диловари тоҷик дар майдони муҳориба нақл карда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки Ватанро дӯст доранд ва баҳри ҳифзи он ҳамеша омода бошанд, зеро хизмат ба Ватан шарафи бузург мебошад.

         Дар охири ҷамъомад директори МТМУ №37, деҳаи Вогат Мухторов Бурҳон баромад намуда, ба ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ барои иштирокашон дар вохӯрии имрӯза миннатдорӣ изҳор намуд.

         .

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *