Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Аёдати шоира – Сайёра Баҳодурова

Дирӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Зуфар Исмоилзода ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан ба аёдати шоира Сайёра Баҳодурова, ки имконияти маҳдуди ҷисмонӣ дорад, ташриф оварданд. Дар вохӯрӣ шоира Сайёра Баҳодурова аз китоби тозаэҷоди худ “ Умеди висол”, ки бо дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода рӯи чопро дидааст, дар васфи Ватан, Модар, Истиқлолият шеърҳо қироат намуд. Дар вохӯрӣ шоира шукргузорӣ аз даврони осудагию обод намуда, миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвари ҲХДТ, Президенти мамлкат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаю оқилона ба ин қишри ҷомеа ҳама вақт таваҷҷӯҳи калон дода мешавад ва ғамхории падаронаи он кас ҳар лаҳза эҳсос мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *