Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо мақсади пешгирии шомилшавии сокинон, махсусан ҷавонону наврасон ба ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аксияи тарғиботии вилоятӣ таҳти унвони “Нест бод терроризм ва экстремизм” роҳандозӣ гардид.
Дар рафти аксия аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати пешгирии терроризм ва экстремизм, таълимоти ғайрирасмии динӣ ба сокинон дар ҷойҳои серодами шаҳр варақаҳои тарғиботӣ тақсим карда шуд.