Бо мақсади иҷрои дастуру супоришоти Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи дастури КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар қисми ҳарбии №0202-и КДАМ рӯзи дарҳои кушод ба муносибати рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ барпо гардид.
Дар он муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, муовини аввали раиси шаҳр Қодирӣ Абдусаттор, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К.Мирзоев, раиси шӯрои собиқадорони ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ш.Гадойбоев, муовини раиси шӯрои собиқадорони шаҳр Ҳабибулло Нуруллоев, вакилони Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, падару модарони сарбозон, бонувони фаъол, даъватшавандагон, устодони омодагии дифои муассисаҳо иштирок намуданд.
Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ сардори ситоди қисми ҳарбӣ Азизов Муллоқамар оғоз намуд. Сипас дар ҷамъомад муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов дар мавзӯи “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, дастовард, дурнамо” баромад намуд.
Муовини аввали раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ бошад, дар назди ҳозирин баромад намуда, ҳозиринро бо роҳи тайкардаи Артиши Миллӣ шинос намуд.
Аз номи падару модарон Ҳамдамова Тоҷинисо баромад намуда, бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки баҳри ҳифзи марзу буми ҷумҳурии азиз омода бошанд, ӯ иштирокчиёни ҷамъомадро бо санаи мубораки 29-солагии Рӯзи таъсиёбии Артиши Миллӣ самимона табрик намуд.
Аз номи сарбозон сарбози қатории қисми ҳарбӣ Саидзода Сулаймон баромад намуда, зикр намуд, ки баҳри дифои Ватани азиз ҳамеша омодаанд ва ба Ватан содиқона хизмат мекунанд.
Париноз Маҳмудӣ-гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи ҷавонон баромад намуда, ҳозиринро бо ҷашни мубораки 29-солагии Рӯзи таъсиёбии Артиши Миллӣ самимона табрику моборакбод намуд.
Дар охири ҷамъомад сардори ситоди қисми ҳарбӣ 0202 КДАМ Азизов Муллоқамар баромад намуда, барои ташрифи меҳмонон ба қисми ҳарбӣ изҳори миннатдорӣ кард ва зикр намуд, ки шинос гаштани даъватшавандагон аз қисмҳои ҳарбӣ ва шароити зисти сарбозон меҳри дифои Ватанро дар қалби онҳо бедор мекунад.
Пас аз ҷамъомад мусобиқаи варзишӣ байни даъватшавандагон ва сарбозон оид ба сангбардорӣ, арғамчинкашӣ ва турниккашӣ гузаронида шуд.
Сипас даъватшавандагон бо шароити зист ва хизмати сарбозон, бо техникаҳои ҷангии дар қисми ҳарбӣ буда ва истифодаи он аз наздик шинос гаштанд.
Хотири меҳмонон, сарбозон, падарону модарон ва даъватшавандагонро баромади ҳунармандони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шукӯҳи тозае бахшид.
Дар охири ҷамъомад ба як қатор афсарону сарбозон Сипосномаи раиси шаҳри Истаравшан ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан супорида шуд.
Рӯзи дарҳои кушод дар қисми ҳарбии 04533 низ дар сатҳи баланд бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан, падару модарон, фаъолони ҲХДТ, даъватшавандагон, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид.