Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Ваҳдати миллӣ – яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатӣ

Ҳамасола 27- уми июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ қайд гирифта мешавад.Ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад

Чун ин ҷашн дар Тоҷикистон бисёр муҳим аст, аз ин рӯ бо қарори парлумони миллӣ он ҳамчун рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.

Ваҳдати миллӣ аз хотима ёфтани ҷанги хунини шаҳрвандӣ (1992-1997), ки тӯли панҷ сол давом ёфт, дарак медиҳад.

Пас аз имзои созишномаи сулҳ, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷашни Ваҳдати миллиро муқаррар намуд.

Иди Ваҳдати миллӣ барои наслҳои ҷавон нишон медиҳад, ки бар ивази  чи қадар азобу ранҷ дар кишвар сулҳу суббот барқарор гардид ва минбаъд барои устувор нигоҳ доштани он пайваста бояд талош намуд.

Ҷашни мазкурро ба хотири он иди Ваҳдати миллӣ ном ниҳоданд, ки он аз иттиҳоди мардуми тоҷик, аз сарҷамъии тамоми сокинони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарак медиҳад. Ин ҷашни муттаҳидии ҳамаи бошандагони Тоҷикистон аст.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як фмаротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

 Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати и сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Хулоса, чун як фарзанди бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор метавонам гӯям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

Ҳомитов Билол- аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *