Барои давлатсозии замони гузариш Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат зинаи муайянкунанда ва рукни побарҷои ҷомеъадориву ҷомеъасозии кишвари моро таъмин мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
Агар ба таърихи на чандон дури Ваҳдати миллӣ назар афканем, мебинем, ки аҳдномаи ризоияти ҷомеъаи Тоҷикистон бузургтарин рӯйдоди таърихии давронсозонаи миллати моро ба амал овард. Он дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки тоҷикон зимни иродаи модарзодии хеш сари мизи гуфтушунид нишастанро аз бар карданд ва аз баҳри тафаккури дастнигар гузашта, ба фикри мустақилонаву созандаи хеш оромона даст ба даст доданро ҳифз карданд. Ба таҳаммул пеш омадани тоҷикон, чуноне ки маълум мегардад, дар андак вақту замоне ба амал напайваст, балки лаҳза ба лаҳза дар натиҷаи иқдоми пайгиронаи ҳарду ҷониб ва пеш аз ҳама зимни иродаи Сарвари давлат- Эмомалӣ Раҳмон ин гуна нишасти дурбинонаву ҳадафгирона амалӣ гардид. Натиҷагирӣ аз чунин нишастҳо ва гуфтушунидҳо ба он анҷомид, ки фарзандони содиқи миллати мо бо таҳаммул, пеш аз ҳама бо таҳаммули сиёсӣ манфиати халқу кишварамонро дар маркази ҳадафи хеш қарор дода, ба ризоияти миллӣ даст ёфтанд. Ин гуна муносибат, ки ҳанӯз аз соли 1994 то соли1997 идома дошт, баробари ба вуқӯъ пайвастани ризоияти миллӣ он ҳамчун саҳифаи дурахшоне дар таърихи миллати мо сабт гардид. Дастёзонии азизмардони миллат, ки тарроҳи асосии ризоият ва ваҳдати миллӣ Сарвари давлати тоҷикон- Эмомалӣ Раҳмон мебошад, натиҷаи дилхоҳу судманди таърихофаринонаро ба бор овард.
Ҳадафи умдаи созмони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ҳамчун ташкилоти ғайриҳукуматӣ бо фарогирии дипломатияи мардумӣ асосан аз ором гардонидани авзоъи номӯътадили олами ботини инсонҳо, яъне орому осуда намудани мардумони ворастагардида аз ҷанги таҳмилӣ, ки дар олами ботини фард-фарди азизон унсури нафрату адоват ва нобовариву бадбиниро ҷой карда буд, рафъ месозад.
Яқинан Ҳаракати ваҳдати миллӣ дар маркази ҷумҳурӣ, марказҳои вилояту ноҳия ва деҳоти дурдасти ҷумҳуриямон дар миёни мардуми рӯзгордидаи деҳот баҳри амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Роҳбари кишвар ҳарчи бештар кору пайкори менамояд. Итминон дорам ҳамин ваҳдат буд, ки садпорагиҳои ҷомеъаи моро бо ҳам ошно сохт. Ҳамин ваҳдат буд, ки ҳамагони азизони озурдахотирро ба оғӯши гарму нарми Ватани муборакноми мо пазириш кард. Ҳамин ваҳдат буд, ки чашми чору гумзании дилҳои хастаро дар интизории азизону пайвандон рафъ сохт. Ҳамин ваҳдат аст, ки нусратҳои тоза ба тозаро барои фард-фарди мардуми шарифи куҳандиёрамон ҳидоят мекунад.
Ҳамин ваҳдати замирӣ ва ҷавҳарписандӣ аст, ки миллати асрҳо ҷафокашидаву хастадил буда ва аз суннатҳои аҷдодии ҷудоафтодаи моро бароямон бармегардонад ва ҳамин ваҳдати қалбии азизон ба асрҳои зиёд мондагории давлати миллии тоҷикону Тоҷикистониёнро таъмин хоҳад кард.
Баротов Муҳаммадалӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан