Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ

Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К.Мирзоев дар ҷамоати деҳоти Чорбоғ вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ ҷиҳати гузаронидани ваксинаҳо ба муқобили бемории сироятии КОВИД-19 баргузор гашт.

Таъкид гардид, ки ваксина метавонад густариши ин бемории сироятиро пешгирӣ намуда, барои ҳафзи саломатии мардум саҳм гузорад. Дар вохӯрӣ шахсони масъули ҷамоати деҳот ва раисони деҳаҳо ӯҳдадор гаштанд, ки барои ҷалби бештари аҳолии ҷамоат барои қабули ваксина аз ҳаммаи имкониятҳо истифода бурда корҳои тарғиботиро дар ин самт ҷоннок намоянд. Инчунин дар вохӯрӣ оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, пардохти андоз ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан рафт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *