Рубрики
Uncategorized

Истаравшан: Вохӯрии судманд

         Дар асоси нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҳайати гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроия дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, деҳаи Зарнисор бо хонандагони синфҳои болоӣ ва падару модарон ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таълимоти ғайрирасмӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ вохӯрӣ доир намуданд.

         Дар вохӯрӣ мудири шӯъбаи КИ М.Абдуваҳҳобова, мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Мадина Ҳакимова, гирандаи идрорпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Париноз Маҳмудӣ оид ба масъалаҳои зикршуда баромад намуда, аз падару модарон ва ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки Ватанро чун модар дӯст доранд, ба гуфтаҳои хоинони миллат фирефта нашуда, баҳри гиромидошти арзишҳои миллӣ талош варзанд.

         Аз номи иштирокчиён омӯзгори ҷавони муассиса Шукрона Миршафиева, аз номи падару модарон Қурбонҷон Ғуломзода, гирандаи идрорпулии раиси шаҳр Ҳайитова Маҳина аз номи хонандагон, сарвари муассиса Дилафрӯз Рӯзибоева баромад намуда, изҳор намуданд, ки баҳри ба амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” кӯшиш менамоянд. Ватанро чун модар дӯст медоранд ва арзишҳои миллии онро муқаддас нигоҳ медоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *