Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Вохӯрии судманд

Тибқи дастури КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва нақшаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагон ва омӯзгорони Гимназияи №4 вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Беҳрӯз Олимҷонов иштирок намуда, зикр намуд, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навин беҳамто буда, он ҳамчун санади олии сиёсию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз таҷассумгари ғояҳо ва арзишҳои миллии мо мебошад. Ин санади ояндасоз барои фаъолияти бузурги созандагию бунёдкорӣ шароит муҳайё карда, Ватани моро ба шоҳроҳи бузурги дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳидоят намуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати тоҷикон ибрози андеша карда шуд.

Ҳамзамон, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ба Ватану диёри худ содиқ ва ба ҳифзи марзу буми он омода бошанд, сатҳи ҷаҳонбинии худро мукаммал гардонанд ва фирефтаи суханҳои бофтаю дурӯғини душманони миллат нагарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *