Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: ВОХӮРӢ БО ОМӮЗГОРОН

Ҳайати гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ И.Зокиров бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, деҳаи Лакат аз рӯи нақшаи кории кумита ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олӣ, дастовардҳои даврони истиқлолият, дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонон сӯҳбат оростанд. Дар сӯҳбат аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуда, аз ҷумла зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Иҷлосия тақдири халқи тоҷикро ба куллӣ дигар кард. Интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия саривақтӣ буд ва Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз давлатҳои озоду обод табдил ёфта, рушду нумӯъ дорад.

Аз аъзоёни фаъоли ҲХДТ даъват ба амал оварда шуд, ки дар тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинон дар сафи пеш бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *