Рубрики
Uncategorized

Истаравшан: Маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоӣ

            Дар ташкилоти ибтидоии “Бойгонии шаҳрӣ” м

аҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ барпо гардид, ки дар кори он муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилоят Назирҷон Мирмуллоев, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Бароҳат Махкамова, мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М.Абдуваҳҳобова иштирок намуданд.

            Ҳозирин баромади раиси ташкилоти ибтидоӣ Мадина Исломзодаро дар бораи ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 шуниданд. Маърӯзачӣ қайд намуд, ки ҳизбиёни ташкилот дар давраи ҳисоботӣ дар асоси Барномаи ҲХДТ ва Оинномаи ҳизб корҳои назаррасро ба иҷро расонид. Пеш аз ҳама барои тарғиби Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҳизбиёни ташкилот ҳиссагузор гаштанд.

            Баҳри тозаю озода намудани гирду атроф, муҳити зист мунтазам дар шанбегиҳо фаъолона иштирок менамоянд. Имрӯзҳо ба бойгонии давлатӣ даҳҳо нафар сокинон барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои лозимаашон муроҷиат менамоянд. Ҳизбиён аз ин истифода бурда, метавонанд барои дастраси сокинон намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб кӯшиш мекунанд. Ҳизбиёни ташкилот баҳри амалӣ намудани Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

            Аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда аъзои ҳизб Икромова Барно, Ҳафизова Гулҷаҳон, Камолова Назира ба музокира баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

            Муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд кард, ки ҳизбиёни ташкилот бояд баҳри амалӣ намудани Қарорҳои Анҷумани XVII ва XIV ҲХДТ кӯшиш намоянд, баҳри афзун гаштани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон талош варзанд.

            Таъкид гардид, ки вобаста ба номусоидии вазъи замони муосир аъзои ҳизбро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд. Инчунин дотсент, устоди ДДХ Бароҳат Махкамова ва мудири шӯъбаи таблиғот  ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М.Абдуваҳҳобова дар бораи ҷашни миллӣ 25 – солагии Ваҳдати миллӣ сухан ронда, ҳозиринро бо ин санаи муқаддас табрик намуданд. Ҳизбиён Мадина Исломзодаро бо як овоз раиси ташкилоти ибтидоии “Бойгонии давлатӣ” интихоб карданд.

            Дар охири ҷамъомад собиқадор меҳнат М.Камолова баромад намуда, барои иштирокашон ба маҷлиси ҳизбӣ ба меҳмонон арзи сипос намуд.     

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *