Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навобод» бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.
Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ Мӯъмина Воҳидова оғоз намуда, дар бораи фаъолияти солонаи ташкилот ҳисобот дод. Аз ҷумла зикр намуд, ки ҳизбиёни ташкилот дар байни сокинони маҳаллахона ядрои асосӣ буда, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю ободкоронаи ҲХДТ талош меварзанд .
Инчунин баҳри тарғиби Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда доранд. Ҳайати гурӯҳҳои тарғиботии ташкилоти ибтидоӣ бо мақсади пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба роҳ мондани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон бо сокинони маҳаллахона борҳо мулоқотҳо оростанд. Намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М. Абдуваҳҳобова баромад намуда, баҳри боз ҳам беҳтару хубтар намудани тарзу усули ҳуҷҷатгузорӣ, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботи оморӣ, пардохти ҳаққи узвият, қабул ба сафи ҳизб ба раиси ташкилоти ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид дод. Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии «Навобод» баромад намуда, ба фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ баҳои қаноатбахш доданд.
Дар охир Мӯъмина Воҳидова аз нав раиси ташкилоти ибтидоии «Навобод» интихоб гардид.