Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Мулоқоти собиқадорон бо ҷавонон

         Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар пайвастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан вохӯрии собиқадорони меҳнат ва ҳизб бо ҷавонон бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

         Дар он мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М.Абдуваҳҳобова дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кард. Сипас, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Олимов Мирзо таассуротҳои худро аз Иҷлосияи тақдирсози миллат баён намуда, зикр намуд, ки дастоварди муҳими иҷлосия ин интихоби Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон буд, ки зери сиёсати хирадмандонаи он кас мардуми Тоҷикистон имрӯз дар ин диёри биҳиштосо зери фазои беғубори сулҳу осудагӣ зиндагӣ ва фаъолият менамоянд.

         Собиқадорони меҳнат Пардаой Қӯшоқова, Ғафурҷон Маъруфӣ, Мавлуда Умарова низ дар ҷамъомад баромад намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки Ватани азизи худро дӯст доранд, барои ҳифзи марзу буми он омода бошанд.

         Аз номи ҷавонон мудири бахши ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Олимҷонов Беҳрӯз баромад карда, зикр намуд, ки ҷавонон кору пайкори падарону модарони бузургу шӯҳратманди худро идома медиҳанд.

         Дар охир сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Зулайхо Расулова баромад намуда, ҷашни бузурги 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокчиён муборакбод намуд ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу суботи кишвар зикр кард.     

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *