Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Мулоқот бо толибилмон

         Муовини раиси шаҳр Ф.Мӯъминзода, мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М.Абдуваҳҳобова бо толибилмон ва омӯзгорони МТМУ №26 ба номи Одинаев мулоқоти рӯ ба рӯ оростанд.

         Дар сӯҳбат Ф.Мӯъминзода дар бораи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Илм фурӯғи маърифат” сухан ронда, аз хонандагон даъват ба амал овард, ки дар хондан фаъол бошанд ва дар озмунҳо бо кӯшишу ғайрати зиёд иштирок намоянд.

         Маълум гашт, ки аз ин муассиса низ толибилмон дар даври дуюми озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Илм фурӯғи маърифат” иштирок намуда будаанд. Инчунин ӯ хонандагонро барои баланд бардоштани савияи дониши худ аз фанҳои дақиқ ҳидоят намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *