Рубрики
Uncategorized

Истаравшан: Мусобиқаи футбол байни наврасон

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи футболро байни наврасони 14-15 сола доир намуд. Дар мусобиқа дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дирӯз бозии финалии мусобиқа барпо гардид, ки дар он футболбозони дастаҳои МТМУ №37, №39, №12 маҳорати худро нишон доданд. Натиҷаи бозӣ нишон дод, ки дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, деҳаи Ругунд, сазовори ҷойи сеюм, дастаи МТМУ №39 деҳаи Қалъачаи Араб сазовори ҷойи дуюм ва дастаи МТМУ №37 деҳаи Вогат сазовори ҷойи якум ва ҷоми КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан гардиданд. Ғолибон бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *