Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: НОМАИ МИННАТДОРӢ!

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.

Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои ба истифода супоридан ва шиносоӣ аз имконияти бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ба аъзоён ва соҳибкорон ҷиҳати бунёди бинои хуштарҳу замонавӣ изҳори сипос намуда, кормандонро ба хизмати софдилона ва иҷрои масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ҳидоят намуданд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки тамоми аъзои ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва махсусан кормандони масъули кумитаи иҷроия рӯзи таърихию фаромӯшнашаванда аст. Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришоти Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити корӣ барои кормандони ҳизб бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо дастгирии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, фаъолони ҳизб, вакилон, соҳибкорону саховатпешагони диёр қомат афрохт ва бо иштироки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.  Ташрифи Ҷаноби Олӣ дар ифтитоҳи бино масъулияти моро дар фаъолияти ҳаррӯзаамон даҳчанд мегардонад.

Бинои нав аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.

Иншоот дар масоҳати 312 метри мураббаъ бо тарҳи муосир аз ҷониби Кумитаи марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, аъзоёни Ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст.

Муҷаҳҳаз намудани ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоти зарурӣ имкон медиҳад, ки минбаъд 11 нафар корманди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо истифода аз шароити лозима бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ кору фаъолият намоянд.

Имрӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан 13 ҳазору 802 нафар аъзо дорад, ки аз ин 53 дарсадашро ҷавонон ташкил медиҳад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, аввалан ба сиёсати сулҳпарваронаю ватандӯстонаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби он кас миннатдории самимии ҳизбиёни шаҳри Истаравшанро мерасонам.

Ин иқдоми бузург – сохта ба истифода дода шудани бинои маъмурӣ тамоми ҳизбиёни шаҳрро рӯҳбаланд гардонида, моро водор месозад, ки баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю ободкоронаи ҲХДТ тамоми кӯшишу ғайратро равона намоем. 

Мирзозода Комил Шариф – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *