Бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан озмуни “Иншои беҳтарин”-ро байни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷҳо баргузор намуд.
Хонандагон дар мавзӯъҳои “Бахтномаи миллат сарчашмаи хушбахтист”, “Президенти мо – ифтихори мо” ва “Аз дирафши Ковиёнӣ то парчами соҳибистиқлолӣ” иншо навиштанд.
Ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан қадрдонӣ карда шуданд.