Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

         Дар асоси нақшаи муштараки МИҲД-и вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, тавзеҳи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марзӣ ва ҳамзистии осоишта дар ҷомеа дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо истиқоматкундагони кумитаи маҳаллаи Имоми Аъзам, ва омӯзгорон вохӯри баргузор гардид. Дар вохӯри намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, КИ ҲХДТ дар шаҳр, раиси кумитаи маҳаллахонаи ба номи Имоми Аъзам, имомхатиби масчити Муҳаммад Иқбол иштирок намуданд.

         Вохӯриро директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ифтитоҳ намуда, ба ҳозирин мақсад аз баргузории вохӯриро шарҳ дода, суханро ба мудири шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳр вогузор намуд. Ӯ оид ба роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ибрози андеша намуда, падару модаронро барои дар ҳисси баланди ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон даъват намуд.

         Сипас, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ба сухан баромада, муҳтавои мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллои Раҳнамо “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”-ро ба ҳозирин шарҳ дод.

         Дар идома имомхатиб имомхатиби масчити Муҳаммад Иқбол баромад намуда, зикр дошт, ки бояд ҳар як ҷавон ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар кӯшиш намояд ва қарзи фарзандии хеш яъне хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро адо намояд.

         Ин нуқтаҳо аз ҷониби сокинон хуб пазируфта шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *