Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

         Дар асоси нақшаи муштараки МИҲД-и вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, иҷроиши нақша – чорабинии МИҲД-и шаҳри Истаравшан ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, тавзеҳи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марзӣ ва ҳамзистии осоишта дар ҷомеа, дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан мулоқот доир гардид.  Дар мулоқот собиқадорони меҳнат ва ҳизб, намояндагони шӯроҳои ҷамъиятӣ, ҷавонону бонувони фаъол иштирок доштанд.

         Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзозода К ифтитоҳ намуд. Сипас устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Муҳаммад Шарифов дар назди ҳозирин дар мавзӯи “Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ” баромад намуда, зикр кард, ки терроризм падидаи номатлуб буда, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Хоинони миллат мехоҳанд, ки ҳар чӣ бештар ҷавононро гумроҳ намоянд, зеро ҷавонон ҳоло таҷрибаи бештари ҳаётӣ надоранд ва фирефта намудани онҳо ҳам осонтар ва ҳам ба мақсад мувофиқ мебошад.

         Истифодаи нодурусти сомонаҳои интернетӣ омили бештари гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро мебошад. Инчунин аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба марзу буми Ватани худ содиқ бимонанд.

         Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Самандар Тоҳириён бошад муҳтавои мақолаи коршиноси сиёсии байналмилалӣ Абдуллои Раҳнамо “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”-ро шарҳ дод ва аз он ҷумла зикр намуд, ки таърих исбот намудааст, ки тоҷикон ба сари қавм ё миллате дар тӯли таърихи мавҷудияташон лашкар накашидаанд. 211 ҳазор гектар замини баҳсӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои асоснок ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Тоҷикистон мехоҳад, ки ҳамаи масъалаҳои баҳсӣ бо роҳи осоиштагӣ ҳалли худро ёбанд.    

         Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К.Мирзозода андешаҳои худро иброз намуд.

         Баргузории чунин вохӯрию мулоқотҳо идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *