Рубрики
Uncategorized

ИСТАРАВШАН: ПАЁМИ РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Пошкент ҷиҳати тарғиби Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар барпо гардид. Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К.Мирзозода баромад намуда, муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишварро шарҳ дод. Аз ҷумла вобаста ба Паёми Президенти мамлакат ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, пешрафти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, дастовардҳои даврони истиқлолият сухан ронд. Қайд карда шуд, ки давлату ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум пайваста тадбирҳои судмандро андешида, ҳамасола дар Паёми Президенти мамлакат зиёдшавии музди меҳнат ба ҳисоб гирифта мешавад ки тадбири мазкур барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад намуд.

Аз ҷониби сокинон баромадкунандагон ба сиёсати одилонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос баён намуда, изҳор намуданд, ки корҳои созандагиву бунёдкориро бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *