Рубрики
Uncategorized

ИСТАРАВШАН: ПАЁМ – МЕҲВАРИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

         Дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати тарғиби Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ бо собиқадорон, фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ барпо гардид.

         Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К.Мирзозода дар мавзӯи “Паёми Президенти мамлакат – раҳнамои мост” маърӯза кард. Ӯ қайд намуд, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати ҳуҷҷати раҳнамоест, ки моро ба сӯи созандагию ободкорӣ ҳидоят месозад.

         Паёми Президенти мамлакат тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро фаро гирифта, муждаи фирӯзии миллат дар тамоми соҳаҳои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мебошад. Вобаста ба рушди соҳаи иҷтимоӣ қайд гардид, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ҳифти иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.

         Баргузории вохӯрию мулоқотҳо ҷиҳати баррасии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *