Тибқи дастури КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо дастгирии намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Истаравшан дар маркази шаҳр, ҷойҳои серодам, хиёбони Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон иқдоми “Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон” ташкил карда шуда, дар доираи он ба зиёда аз 200 нафар ҷавонон варақаҳои тарғиботӣ супорида шуд. Дар варақаҳои тарғиботӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар арафаи ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти ватандӯстӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва садоқат ба арзишҳои куҳанбунёди ниёгонамон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба хотири рушди Ватанамон кӯшиш намоянд. Ҷавонон идомадиҳандаи кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, зеро “Пешвои миллат – хомӣ ва раҳнамои ҷавонон” мебошанд.
Рубрики
ИСТАРАВШАН: “ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲОМӢ ВА РАҲНАМОИ ҶАВОНОН”
