Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ВНМО/БПНМ – ОМИЛИ АСОСИИ СОЛИМИИ МИЛЛАТ

Дар асоси нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар ҳамбастагӣ бо Маркази мубориза бо ВНМО-и шаҳри Истаравшан бо донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷи тиббӣ ва Литсейи касбӣ-техникӣ бахшида ба рӯзи ягонаи мубориза ба муқобили ВНМО/БПНМО мулоқот доир гардид. Дар мулоқот кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва сардухтури марказ Бобоев М. иштирок намуданд. Баромадкунандагон зикр намуданд, ки мақсад аз баргузории имрӯза мулоқот ин пеш аз ҳама ба донишҷӯён додани маълумоти бештар оиди бемории ВНМО/БПНМО, роҳҳои пешгирӣ ва омилӣ гузариш, ташхис ва чорабиниҳо оид ба пешгирии вирусҳои сирояткунанда, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим мебошад.

Инчунин, дар рафти мулоқот ҷиҳати пешгирии ин беморӣ видеороликҳо истифода бурда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯён ба маърӯзакунандагон саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *