Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Пешгирии кирдорҳои номатлуб мақсади мост

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳайати гуруҳи тарғиботӣ таҳти сарварии муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, собиқадори хизмати давлатӣ, собиқадори ҲХДТ, дотсенти ДДХ, Абдуҳаким Шарифов, собиқадори хизмати давлатӣ ва ҲХДТ, дотсенти ДДХ, Нодирҷон Солиҷонов бо сокинони ҷамоати деҳоти “Чорбоғ”, кумитаи маҳаллаи Ваҳдат, донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ ва кормандони беморхонаи марказӣ ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба гуруҳҳои ифротгаро, тарғиби дастовардҳои 30-соли Истиқлолият, пешгирии таъминоти ғайрирасмӣ байни наврасон ва дигар масъалаҳои дахлдор вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.

Ҳайати гуруҳҳои тарғиботиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзоев ва дигар кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҳамроҳӣ намуданд.

Қайд намуданд, ки солҳои охир ҳаракатҳои ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои номатлуби худ авзои сиёсии ҷаҳони муосирро ноором карда, ҳаёти инсониятро зери хатар мегузорад. Аз ин рӯ ҳар як фарди ҷомеа набояд ба ин зуҳуроти номатлуб бетараф бошад.

Сокинон ва донишҷӯён зимни мулоқотҳо  пешниҳодҳои худро доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб баён намуда, таъкид доштанд, ки дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкориҳоро вусъат медиҳанд, донишҷӯён бо баҳои хубу аъло хонда, пайрави сазовори Пешвои миллат мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *