Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки рисолати аслиаш бо мардум будан аст ва ҳамчун ҳизби пешоҳанг такя ба халқ дораду саропо мардумӣ мебошад, имрӯзҳо ҷонибдорони худро рӯз аз рӯз зиёд намуда истодааст. Имрӯз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзоев дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Истаравшан маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳазбӣ барпо гардид.
Сараввал ба якчанд нафар шахсони арзанда, ки Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро эътироф намудаанд ба сафи ҳизб қабул намуда, сипас ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи “Роҳсозон” таъсис дода шуд. Инчунин бо пешниҳоди муассисони ташкилоти ибтидоӣ Раиси ташкилоти ибтидоӣ роҳбари муассисаи мазкур Ҳомидов Шоҳабиб интихоб гардид. Ҳомидов Ш аз иштирокдорон барои боварӣ ба ин вазифа изҳори сипос намуд ва ваъда дод, ки ҳизбиёни МДНРА-и шаҳри Истаравшан фаъолияти худро зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ба роҳ мемонад.