Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Таъсиси ташкилоти ибтидоӣ

Бинобар таҷдид гаштани муассисаи «Шабакаҳои барқи Истаравшан» ва дар заминаи он таъсис ёфтани ду корхона ФҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва ҶСК «Шабакаи интиқоли барқ» ва дар як вақт барҳам хӯрдани ташкилоти ибтидоии «Шабакаҳои барқи Истаравшан» имконияти таъсис додани ду ташкилоти ҳизбӣ ба вуҷуд омад.

Бо ин мақсад маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоӣ дар ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” барпо гардид, ки дар кори он Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода З.М ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзоев К. иштирок намуданд. Дар маҷлис масъалаҳои таъсиси ташкилоти ибтидоӣ, номгузорӣ намудани он ва интихоби раёсати ташкилоти ибтидоӣ баррасӣ гардид.

Бо ҷонибдории ҳайати муассисон дар ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки 49 нафар аъзои ҳизб дар он фаъолият менамоянд, дар асоси банди 4.4-и Оинномаи ҲХДТ ташкилоти ибтидоӣ таъсис ёфт ва он “Шабакаҳои тақсимоти барқ” номгузорӣ карда шуд.

Инчунин иштирокчиёни маҷлис ҳайати раёсати ташкилоти ибтидоиро иборат аз ҳафт нафар интихоб карданд. Дар назди иштирокчиён ҷамъомади аввалини раёсат барпо гардид ва онҳо Пӯлотов Рустам-сардори ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ро раиси раёсат, Каримов Давронро муовини раис интихоб намуданд.

Дар ҷамъомад раиси тозаинтихоб Пӯлотов Рустам баромад намуда, қавл дод, ки фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар асоси Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда ва ободкоронаи ҲХДТ талош меварзад.

Дар дастҷамъӣ бо ҳизбиён ба он муваффақ мегарданд, ки ташкилоти ибтидоии муассиса яке аз ташкилотҳои беҳтарин дар шаҳри Истаравшан бошад.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода З.М дар ҷамъомад баромад намуда, ҳозиринро бо ҷашни муқаддас-Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд ва ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ комёбиҳо орзу кард.

Дар ҷамъбаст ба якчанд нафар кормандони фаъол, ки ба тозагӣ ба сафи ҲХДТ пазируфта шуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.        

Пас аз ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М. ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзоев К.Ш. аз утоқи ҳизбии ташкилоти ибтидоии навтаъсиси “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дидан намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *