Санаи 11.01.22 сол Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан барпо гардид. Дар кори он муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, мудири шӯъбаи ташкилии МИҲД-и шаҳри Истаравшан Равшанбек Ҷабборов, аъзои Кумитаи иҷроия, раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан иштирок намуданд.
Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода шуд:
- Дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан дар соли 2021 ва вазифаҳо дар соли 2022
- Ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба вазъи молиявӣ ва пардохти аъзоҳақӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар соли 2021
- Тасдиқи нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ
- Тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан барои соли 2022
- Масъалаҳои ташкилӣ.
Аз рӯи масъалаи якум раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К.Мирзоев дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2021 ҳисобот дод.
Аз ҷумла ӯ зикр намуд, ки соли сипаригашта барои мардуми шарафманди тоҷик соли таърихӣ, соли ҷашнгирии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Кумитаи иҷроия аз рӯи нақшаи тасдиқкардаи худ амал намуда, дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррасро ба сомон расонид. Сафи аъзои ҳизб ба 13507 расонида шуда, бо ташаббуси КИШ иқдомҳои “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Модарон ояндаи дунё ШУмо”, “Ваҳдат сарчашмаи хушбахтист”, “30-соли музаффариятҳо”, “Ҳифзи Ватан муқаддас аст” ва ғайра роҳандозӣ карда шуд. Ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ бо сокинони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллахонаҳо вохӯриҳо гузаронида, дар бораи дастовардҳои даврони истиқлолият сухан ронданд.
Ҳамаи санаҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ ботантана таҷлил карда шуд. Обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ саривақт ва бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Дар маҷмӯъ соли сипаригашта барои ҳизбиёни шаҳри Истаравшан соли бобарор буд.
Аз рӯи масъалаи дуюм раиси комиссияи тафтишотӣ Абдураҳмонзода Афзуналӣ дар бораи фаъолияти молиявии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар давраи ҳисоботӣ маълумот дод.
Аз рӯи ин масъалаҳо аъзои КИ Эшонқулов Шавкат, аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Нури маърифат”, Акрамов Тоҳир аз ташкилоти ибтидоии КАТС, Ортиқов Сулаймон аз ташкилоти ибтидоии назди ҷамоати деҳоти Пошкент ба музокира баромаданд.
Муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов фаъолияти Кумитаи иҷроияро дар соли 2021 таҳлил намуда, дар назди Кумита дар соли 2022 вазифагузориҳои мушаххасро муайян кард.
Мудири шӯъбаи ташкилии МИҲД-и шаҳри Истаравшан Ҷабборов Равшанбек бошад дар баромади худ зикр намуд, ки ҳизбиён ёрдамчиёни боэътимоди МИҲД мебошанд ва фаъолияти онҳо шоистаи таҳсин аст.
Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда Маҷлис қарорҳои дахлдор қабул намуд. Инчунин нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати тарғиби Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар ва нақшаи фаъолияти КИ барои соли 2022 ва як қатор қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ дар бораи қабули аъзо ба сафи ҲХДТ тасдиқ гардид.
Дар охири ҷамъомад ба як қатор фаъолони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан супорида шуд.
Инчунин ба якчанд нафар ҷавонон, ки ба тозагӣ ба сафи ҲХДТ пазируфта шуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.