Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБӢ – ТЕХНИКӢ

Дар Литсейи касбӣ – техникии шаҳри Истаравшан бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсия ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид, ки дар он сармуҳаррири нашрияи “Афкори халқ” М.Абдуваҳҳобова ва сармутахасиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и шаҳри Истаравшан Зулайхо Расулова, устодон ва донишҷӯёни литсей ширкат варзиданд. Нахуст меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои дастии устодон ва донишҷӯёни литсей шинос гаштанд. Сипас чорабинии идонаро директори литсей Зокир Орифов ҳусни оғоз бахшид. Сармуҳаррири нашрияи “Афкори халқ” М.Абдуваҳҳобова дар мавзӯи “Конститутсия  – бахтномаи миллат” ва сармутахасиси МИҲД-и шаҳри Истаравшан Зулайхо Расулова дар мавзӯи “Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан ронданд.

Ба муносибати рӯзи қабули Конститутсия ба як қатор устодон ва донишҷӯёни литсей Сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Чорабиниро баромади ҳаваскорони санъати литсейи касбӣ-техникӣ ҳусни тоза бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *