Рубрики
Uncategorized

ИСТАРАВШАН: ҶАШНИ КАМОЛОТ

Дар деҳаи Чорбоғ ҷашни 80-солагии яке аз аввалин аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азимов Ғайбулло, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии он ҳамнафасу ҳамқадами он буда, ҳоло вазифаи раисии собиқадорони ҲХДТ дар деҳаи Чорбоғро ба ӯҳда дорад, таҷлил гардид. Дар ҷамъомад Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К.Мирзоев баромад намуда, дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳизбии Азимов Ғайбулло сухан ронд. Ӯ қайд кард, ки хизматҳои бенуқсони Азимов Ғ. бо Ифтихорномаи КИМ ҲХДТ қадрдонӣ гаштааст.

Дар ҷамъомад раиси шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Истаравшан А.Қайюмов, собиқ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Д.Сабуров, сармуҳаррири нашрияи “Паёми Истаравшан” А.Маъруфов, раиси шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Шариф Гадойбоев, намояндагони ҷамоати деҳоти “Чорбоғ” ва якчанд собиқадорону фаъолони ҳазб иштирок ва баромад карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *