Ба ҳамагон маълум аст, ки шурӯъ аз соли 1936 ба муносибати рӯйдоди муҳими замон — баистифодадиҳии нахустин нерӯгоҳи барқи обии кишвар бо номи «Варзоби боло», ҳамасола санаи 22 декабр ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи энергетика таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон иштирок карданд. Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзоев Комил Шарифович ҳамроҳӣ намуд.Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М. дар сухани табрикии худ кулли кормандони соҳаи энергетикаро бо Рӯзи энергетикҳо муборакбод гуфта, қайд намуд, ки рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар нақши калидӣ мебозад.Боиси ифтихор аст, ки 9 сентябри соли 2019 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо маҳсуб мегардад, мамлакати моро ба истиқлолияти энергетикӣ наздик кард. Баъди пурра ба истифода додани нерӯгоҳ дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис хоҳанд ёфт.Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.Хеле хурсандибахш аст, ки кормандони соҳаи энергетика дар сафи пеши ҳизбиёни шаҳру ноҳия фаъолият доранд. Онҳо байрақбардори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок менамоянд.Сипас дар охир ба ташкилоти ибтидоии мазкур ва фаъолони он Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ба якчанд нафар кормандони соҳаи энергетика, ки ба тозагӣ ба сафи ҲХДТ аъзо шуданд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Рубрики
ИСТАРАВШАН: 22-декабр- Рӯзи энергетика
