Рубрики
Uncategorized

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН

Масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо ҷалби гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва рӯёндани то ду се ҳосил дар як сол корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монданд. Тарғиботчиён бо усули хона ба хона вохӯрӣ доир намуданд. Зимни вохӯрӣ бо рафти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ шинос шуда, таъкид намуданд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *