Рубрики
Uncategorized

ИСТИҚБОЛИ МЕҲМОНОН

Рӯзи 13-ноябри соли равон аз пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд меҳмонони олиқадр барои иштирок дар конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Президент – кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ташриф оварданд.Меҳмононро кормандони МИҲД вилояти Суғд ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суӯд таҳти роҳбарии Раиси Кумиҷроияи вилояти Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо гулу гулдастаҳо ва дар фазои тантанавӣ хубу хотирмон пазироӣ намуданд.Намояндагон аз шоирону олимон, сиёсатмадорони варзида, рӯзноманигорон иборат буданд, ки дар қатори онҳо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон АМОНЗОДА, муовини Раиси ХХДТ Хайринисо Юсуфӣ, собиқ муовини Сарвазир Руқия Атоева, муовини аввали сардори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Юнусова, муовини сардори Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши Хукумати кишвар Аҳмадзода Дилнозаи Даврон буданд.Меҳмонон аз маҷмааи “Дуои модар” дар назди Фурудгоҳи байналмилали Хучанд, коргоҳи ҶДММ “Текстилимпекс”, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон дар шаҳри Хуҷанд, Осорхонаи таърихию кишваршиносии вилоят ва Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷанди дидан карданд. Маврид ба зикр аст, ки дар назди маҷмааи”Дуои модар” ва пайкараи Камоли Хучандӣ гулчанбар ва гулдастахо гузоштанд. Меҳмонон бо таассуроти хуб аз сайру саёхати ҷойҳои таърихии шаҳри Хуҷанд хеле болидахотир гардиданд.

Моҳира РАҲИМЗОДА

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *