Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: АКСИЯИ ВИЛОЯТИИ «РОҲНАМОИ МО ПАЁМИ ПЕШВО!»

Бо мақсади иҷроиши барқияи Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 7-уми феврали соли 2024, №11, ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз санаи 28-уми декабри соли 2023, санаи 9-уми феврали  соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷалби аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» аксияи тарғиботии вилоятӣ таҳти унвони «Роҳнамои мо паёми Пешво!» дар кӯчаю бозор ва ҷойҳои серодам ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рафти аксияи мазкур  зиёда аз 150 адад варақаҳои ташвиқотӣ бо иқтибосҳо аз Паёми навбатии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун тақсим карда шуд.

Лаҳзаҳо аз  баргузории аксия:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *