Моҳе пеш дар вилояти Бадахшони Кӯҳӣ чанде аз гумраҳон бо мақсади ноором кардани вазъият кӯшиш намуданд, вале тирашон хок хӯрд ва аксари онон алакай назди қонун ва халқ ҷавоб гуфта, пушти панҷара бо пушаймонӣ нишастаанд.
Бори дигар маълум гардид, ки ин тоифаҳо бо кӯмаки дигар ҳафақидаҳояшон аз хориҷи кишвар даст боло карданд ва сари хеш ба бод доданд, чун мақоли бузург ҳар кӣ ба зулми мардум даст зад оқибат дар чоҳи кандаи хеш афтод ва ҳақиқатан ҳам чунин шудааст.
Агар мо бо чашми ҳақбин ба кишварамон- Ватани тоҷикони ҷаҳон Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафту шукуфоиҳо ноил гардида истодааст.
Худ тасаввур намоед, дар давлати Шуравӣ, ки яке аз абарқудратҳо буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта буд, натавонист нақби Шаҳристонро бунёд намояд. Агар чанде баъзе роҳбарони ҳамонвақта барои ин мусоидат намуда бошанд ҳам ва баъзе ғаразҳову маҳалгароиҳо буд. Ҳамагон дидем, ки на нақби Шаҳристон, балки нақби Анзоб, Чормағзак ва дигар дар даврони соҳибистиқлоли бунёд шуданд. Дар соҳаи энергетика бошад ба ҳамагон маълум аст. Мутахассисон ҳисоб намудаанд, агар тамоми дарёҳо, ки дар онҳо НБО сохташаванда нерӯгоҳ сохта шавад, даромади солонаи кишвар фақат аз энергетика 20 милиард доллари амрикоиро дарбар мегирад.
Барои расидан ба ин ҳадафҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона, хирадмандона барои ояндаи мардум кӯшишу талош намуда истодаанд. Инсони хирадманд ҳадафҳову нақшаҳо ва суръати пешрафтро дида, ояндаи дурахшони Тоҷикистонро мебинад.
Аммо, як гурӯҳ бехирадҳо чун М.Садриддину ҳаммаслаконаш бошанд, фақат айб мебинанд, айб меҷӯянд ва фитна андохта мардумро ба гумроҳӣ мебаранд. Аз чашми ҳасуду бадбинӣ М.Садриддин ва ҷӯраҳояш- пешрафти Тоҷикистонро дидан наметавонанд, зеро чашми ҳақбинашон кӯр гаштааст. Тавре шоир мегӯяд:
Касеро ки зиштӣ бувад дар сиришт,
Зи товус набинад ба ҷуз пойи зишт.
А.Ферсон менависад, ки тамошои саҳнаи бад ва ифлосиҳоро дида, чашм ба он одат мекунад, ки дуруст аст. Ин тоифа, ки дидаву дилашон ба бадтиннатӣ одат кардааст, ба ҳамин хотир мардумро мешуронанд, гумроҳ менамоянд, фитна менамоянд, то ки ҳамаҷой ноором гашта, ифлосиҳо зиёд гардад ва мардуми орому осудаи кишварро ба гирдоби бало андохта, сарсону саргардон намоянд. Неши ақраб на аз пайи кин аст, балки одати ӯ чунин аст гуфтаанд бузургони мо.
Хоссатан, барои мо тоҷикистониён барои расидан ба ҳадафҳову мақсадҳо ва ояндаи дурахшони Ватан фақат тинҷиву оромӣ даркор аст. Дар ҳолате, ки кишвар тинҷу ором аст, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин карда мешавад. Душман пок ва марзи азиз Бадахшон обод.
Н.Ниёзов