Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: Вохӯриҳо идома доранд.

Имрӯз дар Беморхонаи марказии шаҳр вохӯрӣ бо ҳайати кормандони ин муассиса ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Муҳаммад Ниёззода, ширкат намуд.

Сараввал сардухтури Беморхонаи марказии шаҳр Ғоибов Валиназар Толибович ба вохӯрӣ оғоз бахшида қайд кард, ки ташкили вохӯрӣ бо ҳайати табибону кормандон саривақтӣ буда, бори дигар моро водор месозад, ки дар фаъолияти хеш бомасъулият бошем, меҳанпарварӣ ва худшиносӣ бояд сармашқи кору фаъолияти мо бошад.

Дар рафти вохӯрӣ Ғоибов В.Т. дар самти тарбияи наврасону ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва махсусан ҷиҳати бохабар гардидани сокинон ва ҷавонон аз ҳизби террористӣ эълон гардидани ТТЭ ҲНИ дар Федератсияи Россия баромад намуд.

Ҳамзамон Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Муҳаммад Ниёззода дар рафти суханронии худ қайд кард, ки бояд ҳар яки мо дар минбаъда фаъолияти хеш дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, пешгирии хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳем.

Ҳамчунин ба диққати кормандон расонида шуд, ки Ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзат дар Федератисияи Россия бо қарори Суди Олии ин кишвар ҳизби террористӣ эълон гардид ва Шумо бояд донед, ки ТТЭ ҲНИ ҳизби террористӣ дар кишварамон буд, ҳаст ва мемонад ва имрӯз низ Федератсияи Россия инро собит кард.

Ҳамзамон дар рафти суханронӣ тарғиботчиён оид ба хидмати ҳарбӣ ва муқаддас будани он барои ҳар як ҷавони бонангу номус маърӯза намуданд.

Таъкид шуд, ки мову Шумо, сокинони шаҳрро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *