ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид
Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр М.Ниёззода маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолиятии минбаъда, тасдиқи нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис ва раёсати ташкилоти ибтидоӣ, интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол мавриди баррасӣ, интихоб ва дастурдиҳӣ қарор гирифт баргузор гардид.
Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботиро раиси ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» оғоз бахшида, рӯзномаи маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоиро тасдиқ намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда ҳисобот дода, зикр кард, ки ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти худро тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб ба роҳ монда, дар ин муддат сатҳу сифати фаъолияти ҳизбӣ, масъалаҳои ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баланд бардошта шуд.
Инчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани барномаҳои ҳизбию давлатӣ, ки ба соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ҳаёти ҷомеа ва махсусан соҳаи фарҳанг нигаронида шудааст. Сипас ду нафар ба музокираи ҳисобот баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»-ро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Баъдан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ниёззода Муҳаммад Ниёз оид ба боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти дохилиҳизбӣ, ҷалби бештари кормандон ба сафи ҳизб, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, муосидат намудан дар мушкилоти ниёзмандон ва дигар масъалаҳои муҳимми рӯз таъкид намуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм М.Ниёззода вобаста ба масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ намуд. Бо пешниҳоди аъзои ҲХДТ Наргиза Раззоқова аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб карда шуд.
Оид ба масъалаи интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол зикр гардид, ки мутобиқи муқаррароти тасдиқгардида, аз ташкилоти ибтидоии мазкур 1 нафар вакил ҷиҳати иштирок дар Конференсия бояд интихоб карда шавад. Бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб 1 нафар фаъолон ҳамчун вакил интихоб карда шуданд. Бояд қайд кард, ки дар рафти маҷлис аз рӯи дигар масалаҳои зикршуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ҳамзамон М.Ниёззода доир ба масъалаи иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои «Минбари халқ» ва «Сухани халқ», ки ҳамасола ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» яке аз аввалинҳои шуда иҷро намуд изҳори миннатдорӣ баён намуда, бо итминон қайд карда шуд, ки соли равон низ ин иқдом саривақт роҳандозӣ хоҳад шуд.