Мақола: Илму донишандӯзӣ инсонро аз вартаи бесаводӣ, ба роҳи камолот мебарад ва махсусан дар шароити имрӯза нафарони бетаҷриба ё аз донишу малака дур монда саргардон мешаванд ва бештар вақт дар чоҳи гумроҳӣ меафтанд. Ба ҳамин хотир бузургону аҳли илму адаби мо донишу ҳунаромӯзиро бештар ташвиқ кардаанд. Муҳаммад Ҳиҷозӣ мефармояд: «Ақл ба донишандӯзӣ агар бузург шуд, дил бад-ӯ таслим мешавад».
Бояд ҳар як нафар узви дилсӯзи ҷомеа барои ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, ба илму донишандӯзӣ, алалхусус ба худшиносиву меҳанпарварӣ кӯшиши беш аз пеш намояд.
Имрӯз шоҳиди онем, ки як гурӯҳ найрангбозону туҳматбозон дар хориҷ санги маломат ба сӯи мо партофта, бо ҳаргуна иғво мехоҳанд шаъну шарафи миллат ва кишварро паст зананд ва дар ин маврид ба мо лозим то ҳарчӣ бештар байни насли наврасу ҷавон корбарӣ намоем, зеро таъсиррасонии бемаврид ё гумроҳ кардан дар бештар вақт аз камтаҷрибагию камдонишии инсон сурат мегирад. Ва омӯзиши таърихи гузашта, ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ, ба варзиш ва нишон додани роҳи росту муфид метавонад ононро аз вартаи гумроҳӣ бираҳонад. Муҳаммади Ҳиҷозӣ низ мефармояд: «Донишандӯзон аз ҳазор бало дар амонанд».
Биёед барои бедории ватандӯстиву худшиносии насли бузургу ояндадор-ҷавонон кӯшиш намоем то эҳтиёҷ ба ҳарфу каломи пучи дасисабозон надошта бошанд.
Охир аз дасисабозиву хиёнат дар тӯли таърих ягон нафар обрӯе пайдо накарда, балки ба ҳамоқат гирифтор шудааст. Муҳаммадҳиҷозӣ дар ин маврид мефармояд, ки : «Хиёнат ба Ватан- зану фарзанд ва хешону дӯстонро ба душман фурӯхтан аст.»
Ҷавононро алҳақ бояд ба донишандӯзӣ ва меҳандӯстӣ ҷалб намуд то дасти бераҳмонаи гумроҳиро нагиранд. Имрӯзҳо ин қаллобон мағзи сода кофта, бештар таъсиррасониашон чуноне ки дар боло гуфтам ба инсонҳои камтаҷриба мерасад ва дар ҷомеа бояд тариқи корҳои фаҳмонидадиҳӣ аз ин вартаҳои ноҷур бояд баъзе соддалавҳонро бираҳонем.
Аҷиб он аст, ки дар ҳар маъракаи умумиҷумҳуявӣ, ки дар кишварамон баргузор мегардад, ин нокасон- М.Садриддин, М.Кабирӣ ва чанде дигарон даст ба дасисабозӣ зада истодаанд.
Имрӯз бо ҳар роҳу восита, махсусан тариқи шабакаҳои «Фейсбук», «Ютуб» ва дигар бо барномаҳои телвезионии «Ислоҳ –тв» «Садои мардум» ва дигар каналҳои ифротӣ маводу наворҳоро аз рӯи диди нокасона ва бӯҳтонсозонаи худ баҳо дода пешкаши мардум намуда итстодаанд. Танҳо дар ин роҳ хирад, таҷрибаву дониш, меҳандӯстӣ ва садоқат ба ин марзи муқаддас-Тоҷикистон роҳи ин рубаҳонро гирифта истодаанд ва итминон дорем, ки мардуми сарбаланди кишвар тамоми фаъолияти ононро маҳкум менамоянд.
Моро зарур аст, ки дар ҳар сухани ин афрод ҷавоби сазовор диҳем то рӯзҳояшон ба ҳирмон гузарад.
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол М.Ниёззода