Рубрики
Uncategorized

ИСТИҚЛОЛ: ЗАН, МОДАР-ҲАСТИИ ЗИНДАГӢ

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизмати модарону бонувони арҷманд ва бахшида ба фарорасии Рӯзи Модар ва тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд имрӯз дар шаҳри Истиқлол аксияи вилоятӣ таҳти унвони «Зан, Модар –ҳастии зиндагӣ» ташкил ва гузаронида шуд, ки ба якчанд модарону бонувоне, ки барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр саҳм доштанду доранд номаи самимият ба рӯзи идашон аз ҷониби Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Муҳаммад Ниёззода тақдим карда шуд. Дар рафти суҳбат таъкид гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд ва дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас менамоянд. Қайд карда шуд, ки Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро ба таври ҳамешагӣ қадр карда, нисбати фаъолияти эшон назари нек доранд ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати ҳар як нафарро дарк мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *