Санаи 7-уми моҳи майи соли ҷорӣ бобати сазовор таҷлил намудани ҷашни 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Ситоди шаҳрии тадорукот дар назди Муҷассамаи ёдгории шаҳидон доир гардид. Сароғоз муовини якуми Раиси шаҳр М.Алабердиён оид ба сазовор ҷашн гирифтани Иди Ғалаба ба аъзоёни Ситоду роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастур дод. Ҳамзамон, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол М.Бурҳонов, муовини Раиси шаҳр М.Ниёззода дар бораи аҳамияти таърихии ин ғалабаи бузурги инсоният ба фашизми хунхор маълумоти муфассал доданд. Ҳамчунин, шахсони болозикр оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили: тарғибу ташвиқи Паёми Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан, бартараф намудани тамоюли бегонапарастӣ ва ғайра, ибрози ақида намуда, ҳозиринро ба пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ миёни сокинони маҳаллаҳо даъват намуданд.