Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: ИҶЛОСИЯ ИБТИДОИ РУШД ДАР КИШВАРИ АЗИЗАМОН ТОҶИКИСТОН АСТ

30 сол муқаддам, яъне 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва рафти ин Иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва аз ҳамон рӯз инҷониб ин шахсияти меҳанпарасту дурандеш ва оқилу тавоно барои муттаҳид намудани мардум, таъмини сулҳу суботи комил ва рушди ҳамаҷонибаи кишварамон хидматҳои шоён намуда дар раванди комили сиёсӣ Ватани маҳбубамонро ба ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу дунявӣ ва соҳибихтиёр муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон санаи 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Бо ин метавонем қайд кард, ки Рӯзи Прензиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд ва ин бурдбориҳо, ки имрӯз шоҳид бар он ҳастем дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад.

Лозим ба қайд аст, ки Рўзи Президент ҷашнест, ки барои дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва арҷгузорӣ ба хидматҳои шоёни Президенти мамлакатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди босуботи ҷомеа ва таъмини фазои суботу оромӣ мусоидат менамояд ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ заминаи босазо мегузорад.

Бо ифтихор метавон қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ғамхории пайвастагӣ доранд ва мову Шумо бояд дар ин марҳила бо шукргузори аз соҳибистиқлоливу оромӣ ва суботи комил дар кишвар барои пешрафти хоҷагии халқи шаҳр кӯшиш намоем ва аз ҳама муҳим ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва меҳнатдӯстӣ рисолати асосии кору фаъолияти мо бояд бошад.

Бигзор сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, озодиву соҳибихтиёрӣ ва рушди ҳамаҷониба дар кишвари азизамон Тоҷикистон абадан пойдор бимонад ва мамлакатамон дар арсаи ҷаҳони мутамаддин чун кишвари мутараққӣ муаррифӣ гардад.

Бошад ки ормонҳову орзуҳои неки мардуми Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои милливу иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ бо сарварии фарзанди маҳбуби халқу Ватан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *