Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол дар нимсолаи авали соли 2021 баргузор гардид, ки дар он муовини якуми раиси шаҳри Истиқлол Алабердиён Муқаддас, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Салимзода Мадинахон Қодирӣ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи КИ ҲХДТ дар вилоят Заррина Манонова ва фаъолони ҳизб ширкат доштанд.
Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Муҳаммад Ниёззода оғоз намуда, дар бораи самтҳои асосии фаъолияти КИ ҲХДТ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолияти ҳизбиёни шаҳр суханронӣ намуд ва ҳозиринро хайрамақдам гуфт.
Аз рӯи масъалаи асосӣ Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Ниёззода М.Н. доир ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар нимсолаи аввали соли 2021 ҳисобот дод. Қайд карда шуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол баъд аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, нақшаи чорабиниҳои худро оид ба фаҳмондадиҳии моҳияту мароми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тартиб дода, аз рӯи он фаъолияти худро идома дода истодааст.
Рафти ҳисобот Ниёззода М.Н. қайд кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташкилотҳои ибтидоӣ корҳои ободониву созандагиро ба роҳ монданд.
Баъд аз ҳисоботи Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Ниёззода М.Н. аъзои фаъоли ҳизб Ғоибов В.Т., Ниёзов Н.Қ, Ходжабаева Г., ва Ойматов Ф.Р., ба музокира баромада, доир ба фаъолияти кории ҳизб ва дар оянда ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулият дар таълим ва тарбияи фарзанд, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташкили корҳои тарғиботӣ ва тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ суханронӣ карданд.
Ҳамзамон дар рафти ҷаласа масъалаи иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид шуд, ки бояд нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ саривақт ва пурра иҷро карда шавад.
Сипас муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадинахон Қодирӣ баромад намуда, доир ба дастовардҳо ва фаъолияти аъзои ҳизб дар давраи ҳисоботӣ изҳори қаноатмандӣ намуд ва бобати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ дар ҳама самт аз нишастагон даъват ба амал овард.
Дар охир Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр М.Ниёззода баромад намуда, таъкид дошт, ки фаъолони шаҳри Истиқлол дар соли 2021 барои фаъолияти босамар ва густурда дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиши беш аз пеш хоҳанд кард.