Рубрики
Uncategorized

ИСТИҚЛОЛ: Ҷаласаи Ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол дар соли 2021 ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он муовини якуми раиси шаҳри Истиқлол Алибердиён М., намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Султонова Г.А., раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок намуданд.

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол М.Ниёззода оғоз намуда, дар бораи самтҳои асосии фаъолияти КИ ҲХДТ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолияти ҳизбиёни шаҳр суханронӣ намуд ва ҳозиринро хайрамақдам гуфт.

Аз рӯи масъалаи якум Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Ниёззода М.Н. доир ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар соли 2021 ҳисобот дод. Қайд карда шуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол дар соли 2021 дар ҷодаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим, робита ҳамешагӣ бо аҳолӣ, истифодаи таҷрибаи идораи давлатӣ, дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои соҳаи ҷавонон, кор бо занон ва оила ва ҳамзамон ҷиҳати тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ ҳамҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ кӯшиш намуда истодааст.

Инчунин раиси ташкилоти ибтидоӣӣ “Фарҳанг” Раззоқова Н., раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази илмӣ” Ходжабаева Г. ва раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аюбов К. ба музокира баромада, оид ба фаъолият дар соли 2021 баромад карданд.

Баъд аз он намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Султонова Г.А., ва муовини якуми Раиси шаҳр М.Алабердиён баромад намуда, доир ба дастовардҳо ва фаъолияти аъзои ҳизб дар давраи ҳисоботӣ изҳори қаноатмандӣ намуд ва бобати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ дар ҳама самт аз нишастагон даъват ба амал овард.

Сипас тибқи масъалаҳои дуюму сеюми рӯзномаи ҷаласа лоиҳаҳои нақшаи фаъолияти кории КИ ҲХДТ дар шаҳр барои соли 2022 ва нақшаи ташкили вохӯриҳо бо аҳолӣ оид ба тарғиби Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳоди фаъолон гардонида шуда тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон ба якчанд ҷавонони фаъол, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Дар охир Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр М.Ниёззода баромад намуда, таъкид дошт, ки фаъолони шаҳри Истиқлол дар соли 2021 барои фаъолияти босамар ва густурда дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиши беш аз пеш хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *