Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: Занон – бидуни зуроварӣ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шахри Исфара дар хамбастагӣ бо МИХД – и шахри Исфара бо мақсади пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати хуқуқии занон ва иттилоотонии аҳолӣ дар ҷамоати Навгилеми дехаи Офтобруй бо сокинон мулокот баргузор гардид Муовини раиси шахри Исфара Бобоиён Мадинахон ба сухан баромада қайд намуданд, ки зӯроварӣ дар оила инсонро зери панҷаи бераҳмонаи худ гирифта, ба пошхӯрии оилаҳо оварда мерасонад ва ҳозиринро ҷиҳати содиқонаю софдилона хизмат кардан ба халқу ватани худ, тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, эҳтироми калонсолон даъват ба амал оварданд.

Мо занонро мебояд ба қадри ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва тинҷию оромии ин кишвари биҳиштосо бирасем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, ба наслҳои оянда боқӣ мерос гузорем.

Инчунин дар мулокот мудири шуьбаи рушди иҷтимои ва робита бо чомеаи дастгохи раиси шахри Исфара Юлдошева Шаҳира ва мудири занони КИ ҲХДТ дар шахри Исфара Мирзоева Ситора баромад намуда оид ба масъалахои мубрами руз суханронӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *