Рубрики
Uncategorized

ИСФАРА: Истиқлолияти давлатӣ ва аҳмияти таърихии он

Дар арафаи солгарди ҷашни миллӣ – 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи хурди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара бо иштироки доираи васеъи фаъолон, собиқадорон ва ҷонибдорони ҳизб мизи мудаввар таҳти унвони “Истиқлолият – волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллат” доир гардид.

Дар чорабинӣ Ситора Мирзоева – мудири шӯъбаи занони КИШ, Шаҳлохон Шодиева – омӯзгори фанни таърихи Коллеҷи тиббӣ ва Шаҳло Пӯлотова – мутахассиси кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти Филиали донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара доир ба паҳлӯҳои мухталифи Истиқлолияти давлатӣ ва аҳмияти таърихии он баромад карданд. Дар суханрониҳо таъкид карда шуд, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат барои пешрафти соҳаҳои саноату кишоварзӣ, нақлиёту энергетика, сохтмон, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ҳифзи иҷтимоми аҳолӣ, сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди сайҳӣ, сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда корҳои зиёде ба анҷом расиданд.

Имсол дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад, зеро бо вуҷуди таъсири манфии вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон ба иқтисоди миллии мо, ҷиҳати боз ҳам беҳтарнамудани шароити иҷтимоии мардум як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат оиди вазифаҳои фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар ташвиқу тарғиби дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, ғояҳо ва Барномаҳои ҲХДТ Рӯзиматова М, Юлдошева Ш фикру андеша ва таклифҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.

Мизи мудавварро Ҷӯраева Г – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара ҷамъбаст кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *