Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: Конференсияи XXXII-и ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Исфара

Санаи 14-уми январи соли 2022 дар толори МИҲД-и шаҳри Исфара Конференсияи XXXII-и ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Исфара баргузор гардид.

Конференсияи XXXII-и ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Исфара бо иштироки Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур – раиси шаҳри Исфара ва Исмоилзода Зуфар Муртазохон – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар Конференсия ҳамчунин раиси комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Бақоев Саидхӯҷа, собиқадорони ҲХДТ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони васоити ахбори умум низ ширкат доштанд.

Дар кори Конференсияи XXXII-и ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Исфара фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар соли 2021 ва вазифаҳо оид ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ва пешбари намудани номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара аз ҳавзаи интихоботии “Хоҷаи Аъло” №17 ва “Лаккон” №40 ба ҷои вакилони хориҷшуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *